СИТОРАИ ДУРАХШОНИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК

204

Имрӯз (16.01.2023) дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи таърихи забон ва типология ба муносибати 90-солагии доктори илми филология, профессор Мукаррама Қосимова конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯъи «Рушди забони адабии тоҷикӣ дар асрҳои X-XV» баргузор гардид.

Қабл аз конференсия меҳмонон бо роҳбаладии декани факултет С.Эмомалӣ ва мудири кафедраи мазкур Камолзода Х. аз китобхонае, ки дар факултети филология осори профессор Мукаррама Қосимова аз ҷониби пайвандонашон супорида шуд, боздид намуданд. Гуфта шуд, ки чор чевони китоб беш аз 1600 китоб ва мизу курсии кории муаллимаи зиндаёд профессор М.Қосимова ба китобхонаи факултет супорида шуд.

Сипас дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иқдоми пайвандони шодравон М.Қосимоваро беназир унвон намуда, таршифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам намуд. Мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба хидматоҳои мондагори илмию таълимии профессор М.Қосимова ёдовар шуданд.

Дар ҷараёни конференсия шогирдону пайравони шодравон М.Қосимова тариқи ҳузурию маҷозӣ иштирок намуда, хотираҳои некеро ироя доштанд. Шарҳи мақолаҳои зерин аз ҷониби донишмандони риштаҳои гуногуни илмӣ гувоҳӣ аз мактаби бузурги шодравон М.Қосимова медиҳад. «Модару сарвар (аз рӯзгор ва осори профессор Мукаррама Қосимова), «Ганҷи забон ва мӯъҷизаҳои он: мероси илмии профессор Мукаррама Қосимова», «Зеленый листок дервиша (о послелоге-ra), «Ситораи дурахшони илми забоншиносии тоҷик», «Сухансанҷе, ки гирди нуктае сад бор мегардид», «Забони осори Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ», «К впросу о процессе фармирования таджикиского языка» ва ѓ.. Дар конференсия гуфта шуд, профессор М. Н. Қосимова ва мактаби қавии илмии ӯ дар арсаи забоншиносии умумӣ ва, хосатан дар эроншиносӣ, соҳиби мақому манзалати хос мебошад ва ин муҳаққиқи нотакрор дар рушди эроншиносӣ саҳми муайян гузошта, дар инкишофи рӯзмараи ин илм нақши муассир дорад ва ҳамчун ситораи дурахшони илми забоншиносии тоҷик дониста мешавад.