СУХАН АЗ ОСОРИ ДУРАХШОНТАРИН ЧЕҲРАИ ШЕЪРУ АДАБ

231

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад.

Имрӯз (16.05.2022) ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии байналмилалии илмию фарҳангӣ дар мавзӯи «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва замони муосир» бо иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид.

Нахуст ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар расми ифтитоҳи ҳамоиш суханронӣ намуда, иброз намуд, ки «Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға намунаи олии чунин арзишҳост».

Дар ҳамоиш сафирон Муҳаммадтақии Собирӣ ва Эмре Зекӣ Карагёл оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир суханронӣ карда, аҳамияти ашъор ва осору гуфтории Ҷалолиддини Балхиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон ва таҳкими сулҳу дӯстӣ дар замони муосир хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.

Дар ҷараёни маҳфил маърӯзаҳои профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология М.Солиҳов «Мақоми Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» ва дотсенти кафедраи филологияи Эрон Ҷ.Қосимзода «Ҳушанг Соя ва Мавлоно» шунида шуд. Ҳамзамон, гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳ аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддини Э. ва профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупо У.Сафаров (гирдгардонандаи ҳамоиш) низ суханронӣ намуданд. Инчунин, дар ҷараёни нишаст санъаткорони шинохтаи тоҷик Амриддин Кабирӣ ва Маҳмадалӣ Аюбӣ ҳунарнамоӣ намуданд.