ТАМОШОИ ПАХШИ МУСТАҚИМИ ПАЁМ ДАР ДМТ

61

28.12.2023 дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида истодааст.

Тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо менамоянд.

Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ва маҷлисгоҳҳои факултетҳо ҷамъ омада, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо доранд.