ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

239

Бузургтарин хатарҳое, ки ҷомеаи муосирро таҳдид дорад, таассубу ифротгароӣ аст. Ифротгароӣ ва таассуб дар ҳар шакл, ба ҳар миллату давлат ва дину эътиқоди мардум хатари зиёде дорад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ба ҳамагон маълум аст, ки экстремизм ва терроризм ба давлат ва ҷомеаи тоҷик хатари воқеӣ дорад. Экстремизм дар ҳақиқат хатари бузург буда метавонад, ҳатто он метавонад, ки ҷомеаҳои осудаю пешрафтаро низ ноором созад. Пешгирии экстремизму терроризм байни ҷавонон дар замони муосир кори хеле муҳим мебошад. Бояд гуфт, ки аксар вақт дар замони муосир бархе аз ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш зиёдтар ба объекти таъсиррасонии гурӯҳҳои ифротиву террористии ҷинояткор аз боиси нофаҳмӣ ғайриқонунӣ гирифтор шуданашон аз эҳтимол дур нест.

Маънои ифротгаро, яъне “ифрот”-ин бесарусомонӣ ва “гаро” ин “гаравидан” ва ё “шомил гаштан”-у “майл кардан” аст.

Мутаассифона, дар ҷомеаи муосир терроризм ва экстеремизми динӣ хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари он боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар манотиқи мухталифи ҷаҳон реша давонида, ҳамчун вабои аср ба амнияти давлатҳо ва инчунин ҳаёти осоишта ва тинҷию зиндагии инсонҳои рӯйи олам ва ҳатто шахсони бегуноҳу ҳамзамон кӯтоҳандеш таҳдид менамояд.

Мутаассифона, ҷавонони нисбатан содалавҳ ва зудбовар бештар ба ин гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, ояндаи худро бештар зери хатар мегузоранд. Тавре, ки мо ҳамагон хуб медонем терроризм ва экстремизм аз ҳама хавфноктарин ва басо ҳам як мушкилотии пешбинишавандаи ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд. Амалиёти террористӣ бо истифода аз техникаи муосир силоҳ ва воситаҳои робитавии навбаромад сол ба сол мутташакилтар ва бераҳмонатар мегарданд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гурӯҳҳои мухталифи миллатгаро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ба ном “муассисаҳои” зиёди ба таври пинҳонӣ амалкунанда, анборҳои силоҳ ва маводи таркандадор ташкил намудаанд. Онҳо дар аксар мавридҳо бо номи “ширкатҳо, бонкҳо, фондҳо, фирмаҳо ва гурӯҳҳо”-и пасипардагӣ амал мекунанд. То замоне, ки ин падидаи номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ як минтақае наметавонад, ки худро дар амну амонӣ эҳсос намояд.

Хатари он басо ногуфтанист.

Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар робита ба ин масъала чунин иброз намуда буданд: “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд”.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор меравад, ки аз нигоҳи дигар метавон зикр кард, ки дунё дар ҳоли пешрафт мебошад ва ақибмондагиву хурофотпарастӣ ҳаргиз ба манофеи мову миллатамон нест. Ростӣ айб аст, ки дар асри нави XXI ки онро асри пешрафти илму техника меҳисобанд, боз ҳам чунин хитоб намоянд:

Мусулмон фоқамасту жандапӯш аст,

Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.

Биё, нақши дигар миллат бирезем,

Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.

Дар ҷомеаи имрӯза терроризму экстеремизм дар манотиқи мухталифи олам торафт доман густурда, боиси ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва инчунин сарсону овора шудани ҳазорҳо нафар сокинони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст

Мутаассифона, имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба чунин амалҳои мудҳише даст зада истодаанд, ки кирдори онҳо ба ақли солим рост намеояд. Бадбахтона гурӯҳҳои ифротгаро дар навбати аввал насли ҷавонро фирефта намудаву бо ваъдаҳои бардурӯғашон онҳоро ба коми худ мекашанд. Насли ҷавон, ки ҳанӯз таҷрибаи кофие надорад, ба макру фиреби ин шайтонҳои лаъин бовар карда, инчунин оқибати ин омилҳои хатарзоро дуруст дарк накарда, дидаву дониста ба гурӯҳҳои нопоку ифротӣ шомил шуда, баробари мусаллаҳ шудан бо яроқу аслиҳа дар амалиёти гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ иштирок мекунад. Муқовимат бар терроризм яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро яке аз омилҳои номатлуби замони муосир ҳисобида дар тамоми зуҳуроташ онро қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок ҳамаҷониба пуштибонӣ менамояд.

Беҳуда нест, ки бо мақсади комилан аз байн бурдану ба таври пурра решакан намудани ин амали номатлуб аз ҷониби Роҳбарияти Ҳукумати кишварамон Барномаи давлатӣ оид ба таҳқиқи масъалаҳои алоқаманд бо муқовимат бо экстеремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ барои солҳои 2022- 2026 қабул шудааст. Ҳадафи асосии барнома пеш аз ҳама вусъатбахшидан ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба муқовимат бо экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ мебошад, ки заминаи илмӣ дар муборизаи зидди терроризм, ҳимояи боэътимоди инсон, шаҳрванд ва ҳуқуқҳои вай аз сӯйи қасди ҷиноӣ бо иштироки ҳама субъектҳои давлат, мақомот ва ҷомеа мебошад.

Экстремизму терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ имрӯз ҷинояткории оламшумул маҳсуб ёфта, ҳамкории ҳамаҷонибаи доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандонро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва инчунин дигар хадамоти махсус тақозо менамояд.

Омӯзиши динамикаи рушди терроризм ҳамчун система аҳаммияти махсуси худро дорад. Пӯшида нест, ки таҳти фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ шаклу усулҳо ва воситаҳои фаъолияти террористии байналмилалӣ пайваста такмил ва тағйирпазир мешаванд.

Тавре маълум аст, дар миёнаҳои солҳои 90-ум ва то ибтидои солҳои 2000-2001 мушкилоти терроризм ва ифротгароии динӣ, хусусан аз ҷониби аъзоёни ТЭТҲНИТ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хатари хосе пайдо карда буд.

Ноустувории Ховари Миёна ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боиси мушкилот дар ҷаҳон, аз он ҷумла Осиёи Марказӣ шудааст. Дар давоми солҳои охир ҷалби фаъолонаи ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Барои мисол ширкати намояндагони ҷавонон дар задухӯрду муноқишаҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ироқ, Сурия аз ин шаҳодат медиҳанд. Аксари ҷавонон аз содалавҳию нофаҳмӣ ба гурӯҳу ҳаракатҳои исломии ифротгаро ба монанди “Ансоруллоҳ”, ”Ҳизб-ут-таҳрир”, “Толибон”, “Салафия”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва ҳоказои дигар шомил шуда, теша ба решаи худ мезананд.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар ин раванд шомилшудагони бадбахту хонасӯхта аз шабакаҳои умумиҷаҳонии коммуникатсионии Интернет хеле фаъолу моҳирона истифода мебаранд. Дар натиҷа як намуди нави фаъолияти террористӣ-терроризми иттилоотӣ ё худ ки бертерроризм ба вуҷуд омад. Имрӯзҳо ин ифротиёну хонабардӯшҳо, яъне БОМЖ-ҳои лаъин шабакаи умумиҷаҳонии интернетиро натанҳо барои гирифтани саҳмияҳои хайрия, захираҳои молиявӣ аз манобеи манфиатдор, ҷамъоварии ахбори зарурӣ ва оҷилӣ, балки бо мақсади ҷалби одамон, ҳамлаҳои оммавии террористӣ, тарсонидан, таҳдиду истинтоқ, таблиғу ташвиқ ва ҳамзамон таҳрир ва паҳнкардани иттилооти бардурӯғ бештар истифода мебаранд, ки боиси хавфу хатар ва нигаронист.

Феълан дар ҳамаи кишварҳои олам дар баробари рушди ҷомеаи башарӣ чунин зуҳуроти манфии глобалӣ аз қабили экстремизм, терроризм ва инчунин кибертерроризми байналмилалӣ мубаддал гардида, дар шаклҳои ҷадиди таҳдидкунанда ба суботу авзоъи сиёсии кишварҳои мутараққии ҷаҳон мубаддал гардид. Ин падида ва аъмоли номақбулу номатлуб дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ҳангоме, ки технологияҳои иттилоотӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба як “деҳаи калон” мубаддал гардонид. Аз ин рӯ, он на танҳо барои кишварҳои абарқуддрату пешрафта, балки барои боқи монда аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ хатари хело ҳам калони худро доранд.

Аз ин лиҳоз, метавон хулоса намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишварҳои олам террористону экстеримистон танҳо як ҳадафи асосиро амалӣ мекунанд, ки ин ҳам бошад онҳо тавассути қурбониҳои бузурги инсонӣ, харобкорӣ дар байни омма тарсу ҳарос ва нифоқ меандозанду ба ин васила ба сиёсати давлатҳо фишор меоранд.

Бо дарназардошти ин гуфтаҳо ва ҳамзамон бо мақсади решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб зарурият пеш омадааст, ки ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ дар самти омӯзиши сабабҳои ҷалби ҷавонон ба сафи ташкилоти террористӣ ва экстеремистӣ таҳқиқи методҳои нави муқовимат ба идеологияи ифротгароии динӣ, мониторинги фазо ва авзоъи сиёсӣ, пешниҳоди роҳу усулҳои илман асоснок шуда ва инчунин самараноки муқовимат ба экстеремизм, терроризм, ки бертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки тамоми кӯшишу ғайрат ва инчунин ҷидду ҷаҳди асосии ҷомеаи башарӣ ва давлат, хусусан ниҳодҳои илмӣ ва доираҳои коршиносон бояд ба эҷоди тарзҳои нав ва ҳамзамон самарабахши пешгирӣ аз хатарҳои экстеремизм, терроризм ва ки бертерроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, муқовимат бар алайҳи он нигаронида шуда бошад.

Ба пиндори мо, боз ҳам такмил додани заминаҳои илмӣ, таҳқиқ ва коркарди усулҳо ва шеваи муосири муқовимат ба экстеремизм, терроризм ва кибертерроризми байналмилалӣ, ифротгарии динӣ дар тамоми муассисаҳои илмӣ -таҳқиқотӣ, ҳамзамон омӯзиши таҷоруби давлатҳои абарқудрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии экстеремизм, терроризм ва кибертерроризми байналмилалӣ, ифротгарии динӣ мутобиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 яке аз вазоифи афзалиятноки кулли муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ маҳсуб меёбад.

Зеро дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва ҳамзамон нисбатан душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсиву иқтисодӣ ба масоили ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, посу гиромӣ доштани арзишҳои маънавӣ ва инчунин бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи одобу ахлоқ, фарҳангу афкор ва маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ва умуман гирем аҳолии кишвар ба ҳадаф хеле мувофиқ аст.

Бинобар ин мо омӯзгоронро зарур аст, ки дар вақти таълиму тадрис ҳамеша дар масоили хавфу хатарҳои ҷомеа, хусусан тимсоли ингуна падидаҳои номатлуби аср тадбирҳои судманд андешида, дар қалбу шуури толибилмон ва ҷавонони худогоҳу ватандӯст бештар аз пештар парвариши намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносиро талқин намоем. Бароямон ҳар як пораи сангу хоки Ватани ободу зебои соҳибистиқлоламон азизу муқаддас бошад. Мо бояд ҳамеша ватандӯст ва дурандеш бошем!

САЙДУЛЛОЗОДА Рисолат Сайдулло,унвонҷӯи кафедраи назарияи ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон