ТУРСУНЗОДАХОНӢ. МАФҲУМИ СУЛҲУ ДӮСТӢ ЧУН ЛЕЙТМОТИВИ ЭҶОДИЁТИ ШОИР САДО ДОДААСТ…

268

Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои маҳбубу пурҷилои фарҳангиву адабӣ ва мардумиву миллии халқи тоҷик буда, дар таърих нақши носитурданӣ аз худ ба ёдгор гузоштаст. Аз фавти устод Мирзо Турсунзода ҳарчанд, ки солҳо зиёдтар сипарӣ шаванд, шахсият ва осори мондагори вай барои мо – имрӯзиён боз ҳам бештару беҳтар қимат пайдо мекунад, ки ин шаҳодати арзишмандии осори ӯ мебошад. Бинобар ин, осори ин фарзонафарзанди миллат, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кардааст, ҳамеша ҷовидонӣ хоҳад монд.

Чун анъана ҳамасола ба муносибати зодрӯзи Мирзо Турсунзода кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили Турсунзодахониро роҳандозӣ менамояд. Ин дафъа (05.05.2022) 42-юмин маҳфил бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ дар ду бахш доир гардид.

Кори маҳфил дар бахши аввал аз маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи Мирзо Турсунзода оғоз гардид. Дар ин маросим меҳмонон, декан ва устодону шогирдони факултети филология ҳузур доштанд. Бахши дуюми маҳфил дар толори Ганҷинаи профессор Ш.Ҳусейнзода бо сухани ифтитоҳии декани факултети филология Сироҷиддини Э. шурӯъ гардид. Декани факултет қайд намуд, ки устод Мирзо Турсунзода аз шахсиятҳои барҷастаи таърихист, ки рисолати инсонии худро назди халқу Ватан батамом иҷро карда, бо ашъори рангину ҳидояткунандаи хеш дар дилҳои миллионҳо одамони хайрхоҳу некиродаи рӯйи замин ҷой гирифтааст. Ин аст ки бо гузашти солҳо эътибору манзалати устод ҳамвора меафзояд.

Баъдан маърӯзаҳои устодон Кӯчарзода А. «Мирзо Турсунзода дар нақди Носирҷон Маъсумӣ», Зайниддинзода М. «Саҳми Мирзо Турсунзода дар рушди робитаҳои адабӣ», Ваҳҳобзода Р. «Вожагузинии суварӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода» ироа гардид. Дар маҳфил таъкид шуд, ки Мирзо Турсунзода намои кишвари азизаш Тоҷикистон, намои миллати маҳбубаш буд ва ҳар ҷо, ки қадам гузошт аз ҳамин кишвару миллат ёдовар шуд. Бо шарофати шеър ва сухани ҷонпарвари ӯ шоирону сиёсатмандони халқҳои гуногун ба миллати тоҷик ва таърихи пурифтихори ӯ муҳаббат пайдо карданд. Дар ашъори М.Турсунзода мафҳуми сулҳу дӯстӣ чун лейтмотиви эҷодиёти шоир садо дод ва тавонист, ки миллати тоҷикро чун халқи сулҳпарвару ба дӯстиву рафоқат устувор ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Дар анҷоми маҳфил гурӯҳе аз донишҷӯён аз ашъори М.Турсунзода порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.