ЗАБОН ВА ТАШАККУЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

273

Забон аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем.

Эмомалӣ Раҳмон

Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз унсурҳои асосии ваҳдатофаринӣ ба ҳисоб мерафт ва имрӯз низ ин асолатро беш аз ҳарвақта бар дӯш дорад. Зери мафҳуми ваҳдати миллӣ мо ҳамеша сарҷамъиву иттиҳод ва баҳамоиву рушду густариши миллату давлатро дар назар дорем ва ин рӯйдодро дар паҳнои таъриху тамаддуни халқи тоҷик ба чандин омилҳо нисбат медиҳем. Агар омили асосӣ ангезаи сиёсӣ будаву онро ба хизматҳои бесобиқаву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳи сартосарӣ дар кишвар рабт диҳанд, омили фарҳангии ба даст омадани ваҳдат, бешак, ин забони тоҷикӣ ва ҷойгоҳи он дар таъмини сулҳу субот ва ягонагии миллӣ мебошад.

Ба ин ҷиҳат, мо набояд хизматҳои таърихии забони тоҷикиро дар пешорӯи миллату давлат ва хосатан ба даст омадани ваҳдату якпорчагии он нодида гирем. Бо масъулияти том таъкид медорем, ки агар забони тоҷикӣ дар зарфи таърихи пуртаззоди беш аз ҳазорсола ба ҳайси унсури муҳимми ба ҳам овардани миллати тоҷик намебуд, имрӯз мо бо ифтихору қаноатмандӣ сари масъалаи муҳимтарин арзишҳои миллӣ садо баланд намекардем. Мо дар ин маврид зери мафҳуми ваҳдати миллӣ натанҳо эҳтироми ҷашни алоҳида, балки ба таври кул ваҳдатеро дар назар дорем, ки ҳамеша аз мавҷудияту халқу давлат дарак додааст ва он, ба назари мо, аз мавҷудияти забон ва тафаккури созандаи миллати тоҷик об мехӯрад.

Ҷиҳати боз ҳам амиқтару дақиқтар дарк намудани моҳияти масъала мо хизматҳои шоёни забони тоҷикиро дар самти таъмини ваҳдати миллат ба се давраи таърихӣ ҷудо намудаем. Марҳилаи аввалро метавон аз замони салтанати давлатдории Сомониёт то давраи ба сари қудрат омадани ҳокимияти шуравӣ мансуб донист.

Он дар таърихи рушду таҳаввули забони тоҷикӣ давраи ниҳоят мураккаб, ҳассос ва то ҷое тақдирсоз мебошад, зеро маълум аст, ки дар ин давра забони мо пайваста дар пешорӯи тазйиқу фишорҳои фарҳангу забонҳои дигар қарор дошт ва масъулияти ваҳдатофарии он аз ҳарвақта дида мушкилу ғайриимкон буд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар сангарҳои таърихӣ ба муқовиматҳои зиёди қавмҳои бегона рӯ ба рӯ шудаву дар ин набардҳои сиёсиву фарҳангӣ то ҳадде арзишҳои худро аз даст додааст. Агар аз даричаи қарни ҳозир ба қаъри таърих назар андозем, маълум мегардад, ки баъд аз фурӯпошии давлати абарқудрати Сомониён то замони Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик аз тохтутозҳои аҷнабиён, ки мақсадашон аз миён бурдани таъриху тамаддун ва мавҷудияти миллати мо буд, дар канор намондааст. Таъбири маъруфи «Омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд» вазъи ҳамон давраро ба пуррагӣ инъикос намуда, аз ваҳшонияти гӯшношуниди қавмҳои бегона дарак медод. Ба таври дигар, дар ин дарозои таърих миллати тоҷик ба ғайр аз забон ҳама арзишҳои маънавию фарҳангии худро аз даст дод. Маҳз забон буд, ки аз қаъри таъриху кашмакашиҳои сиёсӣ миллати тоҷикро ба сони мурғи самандар берун овард ва умедашро ба ваҳдату якдилӣ ва ояндаи дурахшон дучанд намуд. Ба қавли устод Бозор Собир:

Лек лафзи модарияш, ҳамчу шири модараш.

Дар забону дар даҳонаш монд, монд.

Ҳар сухан бо шири модар,

Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.

Хушбахтона, ҳатто дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ маҳз тавассути ҷонфидоиву азхудгузаштанҳои адибони ҷасури қаламбадасти мо забони тоҷикӣ ба вартаи фано нарафт ва баръакс рушду густариши бештар ёфта, тавонист ягонагии андешаи миллиро таъмин намояд, ки баъдтар он пойдевори асосии ба миён омадани ваҳдати миллӣ гардид. Аҳли зиёи мо дар гузашта мавҷудияти забонро асоси давлат ва фанои онро заволи миллат медонистанд. Аз ин рӯ, ҳамеша забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ва таъмингари ваҳдату ягонагӣ дониста мешуд. Чунончи, таълифи асарҳои илмиву бадеӣ бо забони тоҷикӣ дар замоне, ки дигар забонҳо нуфузи бештар доштанд, танҳо иродаи матин ва шуҷоати тоҷиконаро талаб мекард. Ифодаи «Чаро бо забоне нависам, ки барои ман ошно нест» дар ҳамон давра ҳамчун шиори худшиносиву худогоҳии миллӣ қабул шуда буд. Ба таври дигар, дар пасманзари чунин фидокориҳои беназир ҳадаф танҳо як чиз буд: таъмини ваҳдати миллат, наҷоти халқ ҷиҳати ба ҳам омадану ба роҳ мондани давлатдории миллӣ.

Давраи дуюмро мо ба замони ҳокимияти шуравӣ ва салтанати беш аз 70 солаи он нисбат медиҳем. Ин марҳиларо дар самти ташаккули ваҳдати миллӣ метавон давраи хеле муҳим арзёбӣ намуд, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пояҳои устувори ягонагии миллат ва ба даст омадани Истиқлоли сиёсӣ маҳз дар ҳамин давра гузошта шудаанд. Муносибат ба забон ва мақоми он акнун ба куллӣ дигар шуд ва ин масъала ҳатто дар сатҳҳои болоӣ мавриди муҳокима қарор мегирифт. Ин марҳиларо метавон барои таҳаввули забони тоҷикӣ марҳилаи муҳимми таърихӣ ва давраи гузоштани гомҳои устувор ҷиҳати расидан ба истиқлоли забонӣ қаламдод намуд. Ғалабаи Инқилоби Октябр, пош хӯрдани салтанати амирони манғит, сари қудрат омадани Ҳокимияти шуравӣ, ба роҳ мондани сиёсати ягона, қабули хати лотинӣ, баргузор гардидани аввалин ҳамоиши забоншиносон ва дигар падидаҳои мусбат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сабаб гардиданд, ки забони тоҷикӣ бо тарҳу вазифаҳои нав ба истеъмоли мардум ворид гардад. Ҳарчанд захираи луғавии он дар ин давра аз ҳисоби калимаҳои куҳнашудаву таърихӣ ва русиву аврупоии номафҳум бой гардид, бо вуҷуди ин пайкараи забон дар қолаби таърихии худ боқӣ монд ва дар хидмати халқ қарор гирифт. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки заминаҳои устувори рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ ва ба ҳолати кунунӣ расидани он маҳз дар ҳамин давра гузошта шудаанд.

Ба касе пӯшида нест, ки дар замони ҳукуматдории шуравӣ забону дигар арзишҳои миллии мо як андоза дар либоси сиёсати вақт печида шуда, натавонистанд асолати хешро ба пуррагӣ дар назди миллату давлат иҷро намоянд. Ҳарчанд мо соҳиби давлат ва рукнҳои давлатсоз будем, вале бо вуҷуди ин сиёсати манқуртонаи шуравӣ намегузошт, то мо аз мавҷудияти арзишҳои худ садо баланд кунем ва ифтихор намоем. Ҳатто зери чунин фишорҳои сиёсӣ ва нуфузи сартосарии забони русӣ ҳамчун забони ҳоким забони тоҷикӣ тавонист дар хизмати қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирад ва дар пайи ин ваҳдату ягонагии миллатро ба ҳайси омили асосии пойдории давлат барҷо гузорад. Болотар аз ин, он дар солҳои охири ҳаштодум мавриди муҳокимаи шадиди равшанфикрони ҷомеа қарор гирифта, оҳиста-оҳиста мавқеи забони русиро танг намуд. Онҳо даъво доштанд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати халқҳои гуногуни қаламрави кишвар боқӣ монад.

Чунин ҷасорати фарҳангиву иҷтимоӣ дар ҳамон шабу рӯзе, ки сиёсати зиддитоҷикӣ ба авҷи аълои худ расида буд, танҳо ва танҳо қаҳрамонӣ буду халос. Ҳамин буд, ки дар таърихи 22-юми июли соли 1989 дар ҷаласаи махсуси Шурои олии ҳамонвақта бо қабули қароре ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳамакунун он аз ин ва баъд ба сифати забони муошират, расмӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва қонунгузорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба вуқуъ пайвастани ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ исбот намуд, ки нақши забон дар таъмини ваҳдати миллат нисбат ба дигар омилҳои мавҷуда равшантару амиқтар аст. Ба андешаи инҷониб, маҳз ҳамин падидаи муҳимми фарҳангӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик ҷиҳати соҳиб шудан ба Истиқололи давлатӣ дар соли 1991 заминаи мусоидеро фароҳам овард. Яъне мо сараввал истиқлоли забонӣ ва баъдан истиқлоли сиёсиро ба даст овардем.

Давраи сеюм ба замони Истиқлолияти давлатӣ рост меояд, ки онро метавон дар самти мавқеъгирии забони тоҷикӣ ҷиҳати таъмини ваҳдати миллӣ марҳилаи ниҳоӣ ва расидан ба ваҳдати воқеии сартосарӣ номид. Агар дар марҳилаҳои болозикр забон зери фишоровариву нуфузи забонҳои дигар ин масъулиятро иҷро намуда бошад, пас, дар даврони навини соҳибистиқлолӣ ин вазифаро бе ягон таъсир ва бар замми ин дар партави пуштибонии давлату ҳукумат ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дод. Тасдиқи ин гуфтаҳо ба нашр расидани ҷилдҳои якум ва дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон доштани «Соли забони тоҷикӣ» ва дигар чорандешиҳо ҷиҳати устувор намудани мавқеи забон дар ҷомеа мебошанд. Тавре ки Президенти кишвар дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат 20-уми марти соли 2002 иброз дошта буданд: «Дар баробари ин, ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ, вусъат бахшидан ба фазои амали он дар тамоми чабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар низоми давлатдорӣ, асоси сиёсати давлатии мо буд ва мемонад. Ин як амри таърих, шарти истиқлолияти давлатӣ ва тақозои ҳувияти миллии мо мебошад».

Ҳамин тавр, баъд аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳокимияти вақт он ба ҳайси яке аз унсурҳои ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи миллату давлат мавқеи худро дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкам намуда, бар замми ин ҳамчун забони расмии кишвари мустақил дар Конститутсияи он дарҷ ёфтааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ дар симмати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз вазифаи худро дар назди халқу давлат беш аз ҳарвақта иҷро карда, болотар аз ин асолати ваҳдатофариро бар дӯш дорад. Дар ин маврид забон ва ваҳдатро мо ду унсури асосии таъминкунандаи якпорчагии давлат ва ояндаи дурахшони миллат меҳисобем. Ба қавли шоир:

Забони ман забони ваҳдатофар,

Каломи шоирону шеъри номвар.

Ба таърих пуштибоне буд моро,

Ки онро номи миллат аст ҷавҳар.

Дӯстзода Ҳ.Ҷ., н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи ДМТ