ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

92

Забони модарии мову шумо, забони адабии тоҷикӣ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷеаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони баруманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебову ноб, бо захираҳои ғаниву рангини луғоту таъбирот бароямон мерос мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Нодиртарин забони бостонии давлатлорӣ, адабиёти бадеӣ ва илму ҳикмати азалӣ дар таърихи олами башарӣ забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Он азамату ҷалоле, ки оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, ҳама аз баракати забони дарии тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро ҳамчун шиноснома ба олами асримиёнагӣ муаррифӣ кардааст.

Забони тоҷикӣ дар тули ин асрҳо ба ҳайси забони давлатдорӣ ва забони байналмилалӣ, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат дар Осиёи марказӣ хизмат намудааст.

Аз таърих медонем, ки муддате чанд монеаҳои сунъии сиёсӣсадди пешравӣ ва азамати забони тоҷикӣгарда буд, аммо ин забон ҳамеша қудрати ҳифз ва нигаҳбонии худро дошт ва дорад.

Фарзандони бонанги ин миллат тавонистанд, ки баъди ин ҳама сангарҳову монеаҳо бузургии ин забон ва намояндагони онро ба олам муаррифӣ намоянд. Дар оғози даврони Шуравӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ адабиёти оламшумули тоҷикро бо навиштани “Намунаи адабиёти тоҷик” ба гӯши оламиён расонид. Муддате баъд фарзанди баруманд ва фарзонаи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров, китоби “Тоҷикон”-ро дар ду ҷилд таълиф намуда, таърихи чандҳазорсолаи тоҷиконро чун миллати куҳанбунёд ва бумии Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

Агар бузургони пешин устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи оламгири тоҷиконро рунамоӣ карда бошанд, абармарди арсаи сиёсат ва илму фарҳанг, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон мақому мартабаи онро дар сатҳи байналмилалӣ боло бурданд. Чуноне ки имрӯз ҳамагон шоҳид ҳастем, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни зебои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.

Илова бар ин таълифи асари дуҷилдаи беназири “Забони миллат­- ҳастии миллат” ҳам натиҷаи муҳаббатҳои беандозаи Пешвои миллат нисбат ба забони модарӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат дар ин асар бо диди нав ва усулҳои нав муҳимтарин масъалаҳои миллат ва забонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд ва иртиботи бевоситаи ин ду рукни муҳимми миллатсоз ва давлатсозро пайваста таъкид менамоянд.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣва дастгириву суханрониҳои фасеҳу гуворои Пешвои муаззами миллат домани корбурди сиёсии забони тоҷикӣ фаррох гардида, дар ифодаи муҳимтарин матлабҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ба кор бурда мешавад.

Хулоса, забони мордарӣсарчашмаи ифтихори миллат ва пояи устувори давлатдорист. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди соҳибдил ва бонангу номус аст.

ҒАФФОРЗОДА ШОҲРУХ ҲАБИБУЛЛО,доктори илмҳои филологӣ,устоди ДМТ