• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 12
Бешак, қадру манзалати ҳар нафаре баъд аз заволи умру марги ӯ боз бештар тобнок мегардад. Ба таври дигар, фанои шахс шинохти ҳарчи хубтари шахсияти ӯ дар роҳи хизмат ба халқу ватан мебошад ва аз чунин эътирофи судманд инсонҳое ба таври чашмрас баҳра мебардоранд, ки агар ҳаёту мамоти хешро дар роҳи илму таълим ва тарбияи насли ҷавон...
Муҳтарам олимону донишмандон! Ҳозирини гиромӣ! Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид. Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин,...
Имрӯз (20.05.2024) бо ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмию адабии “Бузургдошти Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ” баргузор гардид. Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз шуда, мавсуф иброз дошт, ки омӯзиши корномаи адаибони илму фарҳанг, ки яке аз самтҳои сиёсати фарҳангпарваронаи...
СУХАНРОНИИ 6-УМИ УСТОД ҲАФИЗ РАҲМОН ДАР ҲУЗУРИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТАҲОИ ФИЛОЛОГИЯ, ФИЛОЛОГИЯИ РУС, ЖУРНАЛИСТИКА ВА ЗАБОНҲОИ ОСИЁВУ АВРУПО Ҳарфи номанзури дил як нукта ҳам беш асту бас, Маънии дилхоҳ агар сад нусха бошад ҳам, кам аст... Устод Ҳафиз Раҳмон бо ҳамин байти машҳури Бедил...
Илми сухансанҷиву ҷомеашиносӣ - нақди адабӣ, адабиётшиносӣ, пажӯҳиши адабиёт, назарияи адабиёт, забон ва ҳусни баён, бунёди ҷомеаи соҳибистиқлол, масоили худшиносӣ ва давлати миллӣ яке аз арзишҳои моддиву маънавии миллати тоҷик аст. Дар робита ба самтҳои мухталифи ин мавзуҳо имрӯз (14.05.2024) дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети мазкур конференсияи...
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори гиромидошти хотираи неки Зафар Мирзоён конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Инъикоси ғояҳои ватандӯстӣ, таърихшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ» рӯзи 3-юми май баргузор шуд, ки дар он адибони баруманди кишвар Абдулҳамиди Самад, Ҳақназар Ғоиб, Абдуқодири Раҳим, устодони ҳамин Донишгоҳ ва меҳмонони ҳамоиш суханронӣ карданд.
Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад. Имсол бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ ҳамоиши мазкур дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар доир гардид.
Ман бо чунин мардуми шарафманду бонангу номус, таҳаммулгаро ва заҳматкашу ватандӯст ифтихор дорам, аз онҳо то абад миннатдорам ва то нафаси вопасин ба хурду бузурги Тоҷикистон содиқона хизмат мекунам. Эмомалӣ Раҳмон Дар ҷаҳони муосир, ки инсон ба сифати унсури муҳимми тарғибу ташвиқ ва иттилову сиёсат мавриди истифодаи муғризонаи абарқудратҳои сиёсӣ...
То ҳаст ҷаҳону одамӣ дар он аст, Асрори вуҷудро хирад ҷӯён аст. Баҳрест муаммои азал бесоҳил, Андеша дар ӯ заврақи саргардон аст. Беҳрӯз Шеър – ҳосили дилу сиголиш, тафаккуру эҳсос, тарзи ҳунарии баёни андеша ва таҷрибаи рӯзгор...
Зуҳури шахсиятҳо ва симоҳо марҳалаи нави таърихӣ дар таърихи миллат аст, зеро яқинан таърихи миллат бо зуҳури шахсиятҳо ва симоҳо оғоз меёбад. Ҳақ ба ҷониби шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ аст, ки: «Халқ бе фарзанди оламгир, оламгир нест» гуфтааст ва ин воқеияти маҳз аст. Яке аз...

Эълонҳо

Ads