Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 15-уми апрел бахшида ба мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ чорабиниҳои гуногунсатҳ дар сохторҳои илмию таълимӣ баргузор мешавад. Чун анъана Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ ба хотири бузургдошти устод Айнӣ ҳамоишҳои илмию назариявиро роҳандозӣ менамояд.
«Устод Айнӣ дар тамоми асарҳояш номи тоҷик ва ҳувияти миллии тоҷиконро махсус таъкид мекард». Ин...
Имрӯз (18.03.2022) дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода таҳти унвони «Абдушукури Абдусаттор - пажӯҳишгар,
шоир, мутарҷим ва таҳиягари осори адабӣ» семинари илмии кафедра - «Баҳори
дониш» баргузор гардид.
Нишаст
бо сухани муқаддимавии декани
факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз
ёфт. Зикр шуд, ки нақши Абдушукури Абдусаттор дар рушди адабиёти тоҷик, бахусус
нашри осори шоирони аҳди Сомониён, мунтахаботи Сӯзании Самарқандӣ, мухтасари осори...
Китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ” навиштаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ аз тарафи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба хаттӣ форсӣ баргардон шуда, дар маҳфили бо номи “Шаби Тоҷикистон” рӯнамоӣ гардид.
Имрӯз (17.02.2022) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовинони деканҳо оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, инчунин, масъулини сомонаҳои факултетҳо вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар самти фаъолияти илмию байналмилалии факултетҳо, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои гуногунсатҳ, зиёд намудани мақолаҳои тақризшаванда...
Тибқи Қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ аз 29.01.2021 дар бораи фаъолияти илмии маҳфилҳои инфиродии профессорони кафедраҳо ва фаъолияти маҳфилҳои «Зеҳн» 15 феврали соли 2022 дар факултети филология маҳфили навбати "Зеҳн" баргузор гардид, ки дар он устоди кафедраи таърихи забон ва типология, профессор Ҳомидов Д.Р. дар мавзуи «Рушди ономастика дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» баромад кард. ...
Имрӯз (01.02.2022) дар
толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ бо иштироки меҳмонон
ҷамъомад дар робита ба фаъолияти Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 дар назди
Донишгоҳи миллӣ доир гардид. Таъкид гардид, ки Шӯрои мазкур баъд аз омӯзиш ва
масъалагузориҳо ба фаъолият шуруъ намуд.
Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии филологӣ,
доктори илмҳои филологӣ аз...
Чанде қабл маҳфили навбатии инфиродии профессор Равшан Раҳмонӣ баргузор гардид. Ин навбат дар маҳфил баҳс дар атрофи асфсонаҳои Бародарон Гримм сурат гирифт. Аввал Р.Раҳмонӣ дар бораи шахсияти Бародроан Гримм хонавода ва саргузашти онҳо, чи гуна ба гирдоварии устура ва афсонаҳои халқӣ машғул шудани онҳо суҳбат карданд. Устод Раҳмонӣ ба таври мухтарс дар бораи рӯзгор ва осори...
Ба наздикӣ дар факултети филологияи тоҷик маҳфили “Фарҳанги мардум”, ки раҳбари он профессор Равшан Раҳмонӣ аст, баргузор шуд. Дар маҳфил асосан донишҷӯёни курси аввал иштирок доштанд. Дар аввал устод дар бораи аҳамияти маҳфилҳо сухан гуфта, ҳозиринро бо гузаштаи маҳфилҳои фолклорӣ шинос намуданд. Баъд мувофиқи пешниҳоди донишҷӯён дар мавзӯи хоб ва хоббинӣ, ки дар солҳои охир ин...
Дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи тоҷик масъалаҳои мубрами фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки корбарии садорати факултети филологияи тоҷики донишгоҳ намунаи ибрат буда, нуқсонҳо дар самти фаъолияти кафедраҳо дида мешавад.
«Садорати факултет дар самтҳои илму таълим, тарбияву хоҷагӣ...