• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 2
Имрӯз (20.11.2025) ба ифтихори бузургдошти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ чорабинии бошукуҳи адабӣ таҳти унвони «Рӯзи шеъри Бозор Собир» доир гардид. Дар маҳфил аз ҷониби устоди Донишгоҳ, доктори илмҳои филология, профессор Шарифзода Б. саҳми Бозор Собир дар таҳаввули шеъри муосир,...
Имрӯз (19.11.2025) дар доираи Нақшаи чорабиниҳои факултети филологияи ДМТ барои соли 2025, ки ба татбиқи “Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025–2027” равона шудааст, вохӯрии навбатии омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Ҷумҳурии...
Бо ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аксияи зебоии “Тоҷикона мепӯшем” бо иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳёи суннатҳои миллии тоҷикон ва ташвиқи истифодаи либоси миллӣ дар миёни ҷавонон мебошад. Либоси миллӣ ҳамчун нишонаи фарҳангу ҳувияти миллати тоҷик ифодаи зебоии беназири бонувони...
Имрӯз (29.10.2025) дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслиҳиддин бо зумрае аз устодону донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ намояндагони Раёсати тарбияи Донишгоҳ, устодону донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус, журналистика, забонҳои Осиё ва Аврупо ширкат варзиданд.
Бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани донишҳои ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон – донишҷӯён пайваста чорабиниҳои муҳимми тарбиявӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад имрӯз (27.10.2025) вохӯрии навбатии намояндаи сохтори ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёни факултетҳои филология ва филологияи руси Донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, мавзуҳои муҳим ва созанда, аз қабили ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва...
Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети филология имрӯз (25.10.2025) ҷиҳати густариш додани равобити волидайни донишҷӯён бо Донишгоҳ вохурӣ бо волидайни донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик багузор гардид. Дар вохӯрӣ Файзигул Юсуфзода - волидайн ва намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Имрӯз (21.10.2025) дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ ба муносибати рӯнамоии китоби нависандаи шинохта Абдулҳамид Самад - «Шамъе афрӯзандаи чароғҳо» баргузор гардид. Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф зикр намуд, ки китоби мазкур ба...
Дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии Узбекистон конференсияи байналмилалии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Мероси илмӣ-адабии Алишер Навоӣ ва аҳаммияти умумибашарии маънавӣ ва маърифатии он” баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ, ки аҳаммияти хосаи илмӣ ва фарҳангӣ дошт, намояндагони зиёди кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш ҳайати илмӣ ва...
Имрӯз (15.10.2025) дар пояи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар мавзуи «Ҳофизи Шерозӣ ва рушди забони адабии тоҷикӣ дар асри XIV» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо суханронии декани факултети филология, доктори илмҳои...

Эълонҳо

Ads