Ба наздикӣ дар факултети филологияи тоҷик маҳфили “Фарҳанги мардум”, ки раҳбари он профессор Равшан Раҳмонӣ аст, баргузор шуд. Дар маҳфил асосан донишҷӯёни курси аввал иштирок доштанд. Дар аввал устод дар бораи аҳамияти маҳфилҳо сухан гуфта, ҳозиринро бо гузаштаи маҳфилҳои фолклорӣ шинос намуданд. Баъд мувофиқи пешниҳоди донишҷӯён дар мавзӯи хоб ва хоббинӣ, ки дар солҳои охир ин...
Дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи тоҷик масъалаҳои мубрами фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки корбарии садорати факултети филологияи тоҷики донишгоҳ намунаи ибрат буда, нуқсонҳо дар самти фаъолияти кафедраҳо дида мешавад.
«Садорати факултет дар самтҳои илму таълим, тарбияву хоҷагӣ...
«Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст». Ин нуктаро...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207- 1273) аз нобиғагони сухан ва
абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин,
дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар
Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва
баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад.
Имрӯз (29.09.2021) ба хотири...
Имрӯз (28.09.2021) дар пояи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110- солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Ба ин муносибат намояндагони илму таълими сохторҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ба донишгоҳ ташриф оварда, субҳи имрӯз бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор...
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар донишгоҳ
Имрӯз дар саросари кишвар Рӯзи поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба хотири гиромидошти «Одамушшуаро» бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳамоиши бузургдошти Рӯдакӣ» бо иштироки устодону...
Ахбор
Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии...
Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ!
Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.
Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд.
Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи...
ТАБРИКОТИ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Воқеан ҳам, Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат,...
Илмҳои филологӣ ё ба қавли умум суханшиносӣ, ки дар қаламрави форсизабонон бо унвони улуми адабӣ ёд мешавад, 22 шоха дорад ва аз бузургтарин дастовардҳои миллии ҳар яке аз ин мардумон, аз ҷумла халқи муаззами тоҷик маърифат мешавад, чунки дар мазмуну муҳтавои ин улум ҳам сатҳи маънавият ва ҳам фарҳангу маданият ва низ шуури зебоишинохтиву тафаккури дунёшиносии ҷомеа...


















