• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 11
Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҳамсоли пойтахти ҷумҳурии азизамон - шаҳри Душанбе мебошад ва то охири умри бобаракаташ ба Ватан ва мардуми кишвар хизмати холисона намудааст. Худ мегўяд: "Ҷумҳурияти навзоди азизаму пойтахти навбунёди маъвои ҳаётам гўё бандаро дар соли 1924 барои мувофиқи ақлу хирадам хидмат намудан ба худашон ба халқу миллатам ба олами равшан ба дунё оварданд. Камина...
Бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 дар муассиаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи...
Бо чунин унвон ба истиқболи 100-солагии профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич воситаи таълимӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олӣ аз ҷониби декани факултети филолгияи ДМТ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ омода ва чоп гардид. Барои ҷолибияти мавзуъ қисме аз сарсухани китобро манзури хонандагон мегардонем. Танқиди...
Чунин аст, ки арзиши моли асили санъат бо гузашти рӯзгор беш аз пеш меафзояд. Гоҳе дар мавриди тасвире мешунавем, ки чанд миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад. Чун намуна зикр кардани “Наҷотбахши дунё” ном асари Леонардо да Винчи кофист, ки соли 1499 офарида шудаасту соли 2017 бо арзиши беш аз 450 миллион доллар фурӯхта шудааст. Дар назари...
Дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии судманд доир гардид. Чорабинӣ аз ду бахш иборад буд. Дар бахши аввал декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ҳайати устодону кормандони факултет ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, сипас дар робита ба самтҳои...
Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Эмомалӣ Раҳмон Аслан мафҳуми Ваҳдат ё Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби истиқлоли давлатӣ ва махсусан имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва...
Забон аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Эмомалӣ Раҳмон Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз унсурҳои асосии ваҳдатофаринӣ ба ҳисоб...
(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар) Илму фарҳанг мафҳумҳое ҳастанд, ки қудрату бузургии давлату миллат бар он асос ёфтааст. Дар ҷомеае, ки ба илму фарҳанг таваҷҷуҳ карда мешавад, он ҷомеа дар сангинтарин мароҳили эҷоди хатарҳои ҷаҳони муосир метавонад аз худ пуштибонӣ намояд. Миллати...
(бардоштҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар) Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30.05.2024 дар маҷмааи...
(Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», 10-13.06.2024, шаҳри Душанбе) Имрӯз беш аз 50% аҳолии ҷаҳон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ҳадди ақал як моҳи солба норасоии об дучор мешаванд. 30 дарсади аҳолии ҷаҳон, тақрибан 2,1 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва 60...

Эълонҳо

Ads