Чунин шудааст, ки ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон дар охири сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор мешаванд ва аз он интизориҳое низ доранд. Интизорӣ доштан аз Паём бесабаб ҳам нест, чун дар он ҳамасола навиде ҳасту навгарие.
Паёми...
Мусаллам аст, ки ҳамасола тариқи Паём ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми дастовардҳои соли сипаришуда ёдоварӣ намуда, ба нуктаҳои муҳимтарину заъфи ҷомеа низ ишораҳои саривақтӣ менамоянд.
Аз ин фарзия Паёми имсол низ истисно набуд ва,...
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, адабиётшиноси шинохта ва публитсисти маъруф Ҳафиз Раҳмон барои иштироки фаъолона дар ҳаёти адабии Тоҷикистон дар соли 2023 бо Сипосномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Муборак бошад!
(Бардошт аз Паём)
Дар роҳи давлатдориву давлатсозӣ нақши зан-модар дар мадди таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар буд. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣва хориҷии ҷумҳурӣ” низ таваҷҷуҳва роҳнамоии Пешвои миллат барои аз ҳисоби занон омода намудани хизматчиёни давлатӣ бештар буд. Аз ҷумла гуфта шудааст:
28.12.2023 дар Кохи Сомони пойтахт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида истодааст.
Тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими Паёмро тариқи шабакаҳои телевизионӣ...
Имрӯз (22.12.2023) ба муносибати 80-солагии номзади илмҳои филология, дотсент Ҳуснигул Талбакова дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии “Масъалаҳои мубрами луғатшиносии тоҷик: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Дӯстону наздикон ва шогирдони шодравон Ҳуснигул Талбаковааз манотиқи гуногуни кишвар дар ин конфронс ширкат варзиданд. Декани факултекти филология, профессор Сироҷиддини Эмомоалӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуд. Баъдан ректори донишгоҳ,...
Агар умр вафо мекард, имрӯзҳо номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Корманди шоистаи Тоҷикистон, инсони ҳалиму хоксор Ҳуснигул Талбакова 80-умин солгарди худро бо мо ҷашн мегирифтанд.
Ҳуснигул Талбакова аз зумраи он олимоне буданд, ки умри пурбаракати худро дар таълим ва пажуҳиши забоншиносӣ сарф кардаанд. Пажужиш ва таҳқиқоти устод Ҳуснигул Талбакова паҳлуҳои...
Имрӯз (18.12.2023) бо ташаббуси кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмии навбатии "Ганҷи сухан", ки баррасии масъалаҳои забоншиносии компютериро дар бар мегирифт, бо иштироки корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Толиби Розӣ ва мудирону устодони кафедраҳои факултети филология баргузор гардид. Дар семинари мазкур устод Толиби Розӣ дар мавзуи ...
Расад "Шоҳнома" ба ҳар хонадон,
Зиҳӣ, бохирад, хусрави хусравон!
Каёниманишу Фаридунтабор,
Чи гавҳаршиносу чи бонангу ор!
Чу Фирдавсӣ бошӣ ҳумоюннажод,
Равонаш ҳамеша зи ту шод бод!
...
Оё кишвареро медонед, ки истиқлол дораду рамзҳои давлатӣ надорад? Оё кишваре ҳаст, ки муқаддасоти милливу давлатӣ надошта бошад? Не, албатта!
Инсон аз ибтидо берун аз ҷомеа набуд. Ҳар касе берун монд, ҷисману руҳан нобуд гардид. Ҳамчунин, инсон аз ибтидо дар ҷомеа ба нерӯи сарҷамъкунанда ниёз дошт. Ҳамин ниёз ба нерӯи тавонои...


















