• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 20
Забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли парандаи бе болу пар аст, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Дӯст доштани забон - ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст. ...
Исми академик Бобоҷон Ғафуров дар миёни чеҳраҳои мондагор бо як қатор ташаббусҳои бузургаш дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Яке аз хидматҳои шоистаи ин фарзанди фарзонаи миллат эҳёи омӯзиш ва таҳқиқи таърихи пурифтихори халқи куҳанбунёд ва фарҳангофари тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар замоне Б. Ғафуров ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи миллат рӯ овард, ки вазъи...
Шакли пурраи барномаи телевизионӣ https://www.youtube.com/watch?v=6TmNHbua5Co
(Чанд рубоёт аз китоби «Аз дастҳои наҷобату гулрез (Силсилаи рубоиёт)-и устод Аламхон Кӯчарзода) Ай шаҳри Душанбе, гул ба домони ту бод, Ҳам шарбату шаҳди ноб дар хони ту бод. Сарриштаи зиндагии гулкори диёр, Пайванди вафо ба риштаи ҷони ту бод.
Шевашиносӣ ё диалектология як қисми забоншиносист, ки лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллии забонро меомӯзад. Шевашиносӣ ду навъ мешавад: тасвирӣ ва таърихӣ. Шевашиносии тасвирӣ манзараи имрӯзаи лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллиро меомӯзад. Шевашиносии таърихӣ бошад басо мураккаб аст: бояд нишон диҳад, ки ягон ҷиҳати низоми нутқи шевагӣ дар тули асрҳо чӣ гуна тағйир ёфтааст, кадом ҳодисаҳо ба чӣ ваҷҳ...
Имрӯз дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои роҳбарият бо коллективи ДМТ ректори онишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултети филологияи тоҷик вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки дар самтҳои гуногун, аз қабили интизоми меҳнат, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ, назорати дафтарҳои таҷрибаомӯзӣ, мавзӯи корҳои дипломӣ, тақсимоти дурусти соатҳои фаъолу...
(Саҳми профессор Ҳ.Маҷидов дар рушди забон) Имрӯз (15.06.2022) дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии ректори муҳтарами донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҳти унвони «Рушди забони адабии тоҷикӣ дар замони Истиқлол: мушкилот ва дурнамо» бахшида ба 85-солагии доктори илмҳои филология, профессор Ҳомид Маҷидов конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Адабиёт дар масири таърих марҳилаҳои гуногунро тай намуд. Дар он мавзуъҳое мавриди таҳлил қарор кирифт, ки ба манфиати давлату миллат ва рушду камоли инсонӣ, яъне ахлоқию маънавӣ бахшида шудаанд. Мавзуъҳои инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва доштани ҳувияти миллӣ дар меҳвари асосии осори назмию насрии адибони ин марҳилаҳо ҷой гирифт. Дӯст доштану ҳифз кардани сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо...
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207-1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад. Имрӯз (16.05.2022) ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини...
Устод Муъмин Қаноат, шоири ширинкалом, ҳамосасаро ва ходими барҷастаи сиёсӣ, яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи Тоҷикистон аст. Саҳми шоири забардасти тоҷик дар ташаккули худогоҳии миллӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик муассир аст. Ин нуктаро имрӯз (13.05.2022) зимни баргузории конференсияи байналмилаии илмию амалӣ, ки таҳти унвони «Муъмин Қаноат ва таҳаввули шеъри давраи нави тоҷик» дар толори Ганҷинаи профессор...

Эълонҳо

Ads